- қайла
- [قيله]а. [аслаш қаля] гӯшти қима ё маҳин резакардашуда, ки дар равған пухта ва сабзавоту кабудиҳои реза ҳамроҳ карда, ба болои оши тайёр мегузоранд; хеши зан – қайла бизан, хеши шӯ – дегро бишӯ (мақ.); ба ҳар ош қайлаю ба ҳар коса чумча шудан ниг. қатиқ (ба ҳар ош қатиқ шудан); маза аз қайла рафтан маҷ. дар вақташ илоҷ накардан, вақти чораҷӯиро гузарондан; баъд аз табу тез қайла куну рез (мақ.) ниг. таб
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.